“Равшан” ба даври финалии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт

Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нимфиналии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиаи 51-ум Абдураҳмон Нозимов ба самар расонид. Тими “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии нимфиналии Parimatch – Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, ба даври финалӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” дар дақиаи 51-ум Абдураҳмон Нозимов ба самар расонид.

Тими “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, ҳарифаш дар бозии финалӣ имрӯз аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ байни дастаҳои “Хатлон” (Бохтар) – “Истаравшан” (Истаравшан) муайян мешавад.

Дар маълумоти ФФТ таъкид мешавад, ки бори нахуст дар таърихи ин мусобиқа дастаи лигаи якум ба даври финалӣ роҳхат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар давраи чаҳорякфиналии мусобиқа “Равшан” бо ҳисоби 4:2 тими “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дод. Дар натиҷа “Истиқлол” бори нахуст дар таърихи худ дар даври чаҳорякфиналӣ аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.