БОР ба дастгирии низоми обёрӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад

Бонки осиёии рушд (БОР) грантро ба маблағи 15 млн доллар ба сифати маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи ҷорӣ оид ба беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистон тасдиқ кард. Ба воситаи ин грант сохтмони таҳшинҷо (махзан) барои пойгоҳҳои обкашӣ дар низомии обёрии Чубек дар қисмати ҷанубии кишвар маблағгузорӣ мешавад. Байни низомҳои обёрӣ […]

Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) грантро ба маблағи 15 млн доллар ба сифати маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи ҷорӣ оид ба беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ба воситаи ин грант сохтмони таҳшинҷо (махзан) барои пойгоҳҳои обкашӣ дар низомии обёрии Чубек дар қисмати ҷанубии кишвар маблағгузорӣ мешавад.

Байни низомҳои обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ низоми обёрии Чубек бузургтарин маҳсуб ёфта, майдони 50160 гектарро ишғол мекунад. Дар соли 1950 иқтидори лоиҳавии он 150 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, лекин соли 2013 бар асари кӯҳнаву фарсудашавии низом, партоби ҳадди ниҳоии об тақрибан то 80 метри мукааб дар як сония кам шуд.

Ин ба таҳшиншавӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ, истифода ва хизматгузории начандон хуб вобаста аст, ки ба камшавии майдонҳои обёрӣ, коҳиши самаранокии обёрӣ ва ҳосили пасти зироати кишоварзӣ оварда расонид.

Таҳшингоҳ ба камшавии таҳшинҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар каналҳои обёрӣ ва камтар осеб дидани пойгоҳҳо ҳангоми баровардани об мусоидат намуда, дар навбати худ хароҷотро барои истифода ва хизматрасонии техникӣ кам мекунад ва ба ин васила устувории низом баланд мешавад.

Соли 2016 БОР лоиҳаи аввал оид ба дастгирии рушди бахши кишоварзиро дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистон ба воситаи беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дастгирӣ кард. Соли 2018 БОР аз ҳисоби гранти иловагӣ ба маблағи 6,5 млн доллар барои тақвияти имконот ва рушди ниҳодии Агентии давлатии гидрометеорология ба миқёси лоиҳа тавсеъа бахшид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.