Раҳматилло Зоировро баъди ҷамъоварии маълумоти муҳим лату кӯб карданд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 22-юми сентябр аз ҷониби шахсони номаълум дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин ҳамла дар назди хонаи ӯ соати 18:20 дақиқа рух додааст.

Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз як сафари ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маълумотҳои гуногун аз тақаллуби раҳбарони шаҳру ноҳияҳо мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Инчунин Зоиров дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки аз ин сафар “маводи зиёде доир ба мардум дар мавриди дидор бо презденти кишвар ҷамоварӣ намудам, бояд ин маълумотро  фавран ҷамъбаст ва таҳлил менамудам”

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД Тоҷикистон ба "Asia-Plus" гуфт, ки Зоиров  ба милиса шикоят накардааст ва ҳамчунин ин гуна ҳодиса дар ВКД то кунун номнавис нашудааст.

Зоиров навиштааст, ки рӯзи 22 сентябр 20 метр дуртар аз маҳалли истиқоматияш, дар поёни роҳ назди зинапоя, ду шахси номаълум ногаҳон аз қафо ба ӯ ҳамла карданд. Яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад,  зарбаи авввал дар сарам ва зарбаи дуюм дар чашмам. Дуюмин  манро бо тамоми қувват ба об тела дод, вақте ки афтодам, китфи чапам зарба хурд, дар обрав  афтодам.

Раиси ҲСДТ навиштааст, ки баъди ин 4-5 дақиқа беҳуш шудааст  ва баъди ба ҳуш омадан касеро дар гирду атрофаш надидааст. Раиси 63-солаи сотсиалдемкоратҳо гуфтааст, ки баъди ба ҳуш омадан ба хона рафта ҷойҳои захмбардоштаашро дору кардааст.

Ин бори аввал нест, ки Раҳматилло Зоиров  мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегирад. Аммо то кунун мақомот шахсияти афроди Зоиров ҳамлакардаро ошкор накардаанд.

Аммо ин бор Зоиров нагуфтааст, ки аз ҳамлаи ахир ба мақомот шикоят мекунад ё не.

Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон аз нигоҳи коршинсон ягона ҳизби сиёсии мухолифи воқеӣ дар Тоҷикистон аст, ки интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар он ширкат накунанд. Зоиров пеш аз таҳрим кардан, таъин шудани интихоботро дар 11-уми октябр ғайриқонунӣ эълон карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...