То $200 ба як кас. Доллар дар бонкҳо торафт камёфт мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аксарияти бонкҳои кишвар барои мубодилаи арзи миллӣ бо доллар имкон надошта, дар ҳамин ҳол, бо майли том долларро ба сомонӣ иваз мекунанд.

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо мегӯянд, ба мизоҷон танҳо ҳамон асъореро пешниҳод карда метавонанд, ки дар навбати худ аз дигар мизоҷон мегиранд.

Сомониро ба доллар танҳо чанде аз бонкҳо қатъиян ба миқдори маҳдуд – то 200 доллар ба як кас иваз мекунанд. Масалан, дар воҳидҳои Бонки Эсхата, Аввалин Бонки молиявии хурд, “Арванд”.

Дар ҳамин ҳол, барои дарёфти асъори хориҷӣ пешакӣ ба навбат номнавис шудан зарур буда, даъватро интизор шудан лозим аст. Ин навбатпойӣ бо сабаби маҳдудияти захираи доллар якчанд шабонарӯз давом ёфта метавонад.

Дар бонкҳо изҳор мекунанд, ки хоҳишмандони дастрас кардани доллар хеле зиёданд.

“Тиҷорат ба доллар ниёз дошта, инчунин аксарияти мардум маблағҳои худро бо ин асъори хориҷӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Дар ҳамин ҳол, воридшавии доллар торафт кам мешавад”, – гуфтанд дар бонки “Арванд”.

Камбуди асъор ба кори нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо низ таъсир расонида, акнун барои интиқоли доллар шахсе, ки онро интиқол доданист, бояд ин асъорро дошта бошад, зеро дар нуқтаҳо сомонӣ ба доллар иваз намешавад. Кормандони бонк ин ҳолатро набудани асъор маънидод мекунанд.

Ин вазъ дар навбати аввал барои волидоне, ки фарзандонашон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, мушкили зиёд меорад, зеро ба донишҷӯён пул лозим буда, онро бо сомонӣ фиристода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...