Тафсилоти матлаби генерали амният перомуни ҳалқаи гирди Раҳмон, Чин ва эронситезӣ

Asia-Plus

“Дар замонҳои охир фосилаандозиву изолятсия кардани роҳбар аз шаҳрвандон аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор чунон сайқал дидааст, ки маҳол аст, нафаре берун аз протоколи қаблан тарҳрезишуда дар ҷое ё маконе ва ё маҷлису вохӯрие ифтихори аз наздик бо Пешвои миллат сӯҳбат карданро дошта бошад”,- ин ҷумлаи нахустини матлаби Аноятбек Сулаймонбеков, генерал-майори амният аст, ки бо номи “Қадами сиву як бар чӣ самт аст?” муштаракан бо рӯзноманигор Абдураззоқ Саид, дар чанд шумораи ахири“Имрӯз-News” нашр мешавад.

Қисмате, ки дар шумораи рӯзи 23-юми сентябри ин рӯзнома нашр шудааст ва дирӯз “Азия-Плюс” онро дар шарҳи матбуот оварда буд, ба яке аз масъалаҳои бисёр нозук, ки дар доираҳои ғайрирасмии Тоҷикистон бисёр баҳс мешавад – роҳ наёфтани шаҳрвандони муқаррарӣ ба ҳузури президент, бахшида шудааст.

“Азия-Плюс” бо дархости бешумори хонандагон бархе тафсилоти ин матлабро бознашр мекунад.

Дар матлаб омадааст, ки “пеши роҳи шахсони алоҳидаи арзандатар ба ин тамосҳову ин сӯҳбатҳо бо роҳбар хеле ҷиддӣ ва сахту маҳкам гирифта мешавад. Таҷриба нишон додааст, ки дар даҳсолаҳои аввал беҳтарину арзандатарин кадрҳои мо маҳз дар ҳамин гуна сӯҳбатҳо бо Президенти кишвар рӯи кор омада буданд. Вазифагирандагоне, ки аз тариқи каналҳои расмӣ ҳуҷҷатҳояшон то ба рӯи мизи роҳбар рафта мерасанд, ҳатман пуле додаанд ва ё ҳадди ақал, дӯстону ҳамдеҳагону ақрабои масъулини интихобу пешбарикунандаи кадрҳо будаанд”.

Муаллифон бо изҳори тассуф менависанд, ки “Худоё! Мо чаро имрӯзҳо аз робитаи наздики мардуми худамон бо Пешвои ҷоноҷони ҳама миллат ин қадар меҳаросем? Метарсем, ки арзандатарҳо сари кор меоянду ба мо рақиб мешаванд?”.

Ҳарчанд муаллифон дар матлаб ишора намекунанд, ки мухотаби онҳо кист ва чӣ гуруҳу ҳалқае ҳастанд, ки раисҷумҳурро дар инзиво нигоҳ медоранд, аммо  ин корро як нав инҳисоргаройии ҳамин гурӯҳ унвон мекунанд.

Муаллифон дар идомаи матлаб, ба таъбири худ “пантуркизми ҷаҳонӣ”-ро “ҳарифи торихиамон” унвон карда,  “яке аз ақибравиҳои азиме” донистаанд, ки “тӯли чор-панҷ соли охир дар ҳаёти сиёсии кишвар рух дода”, “заифу осебпазиртар гардидани мо” шумурдаанд.

“Муддати чанд соли охир дар тарабхонаву корхонаҳои системаи туркии шаҳри Душанбе борҳо кормандон маҳаллӣ аз таблиғоти кушоду равшани пантуркистӣ ва зиддиориёӣ аз ҷониби кормандону мутахассисони тобеияти туркиядошта хабар дода истодаанд, ки гӯё чунин аст (иқтибос меорем): “Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки чеҳрааш шабеҳи Эмомалӣ Раҳмон аст, маҳсули торихсозиву бузургтарошиҳои роҳбари давлати тоҷикон буда, ҳеҷ собиқаи воқеӣ ва ба ҳеҷ шахсияти торихие нисбат надоштаасту бобои асосии мову ҳамаи туркзабонони ҷаҳон Темури ланги муғул будааст, ки ба дунё тамаддуни имрӯзаро эҳдо намудааст” (“Темир бизимиз. бобомиз!”. Ин як навъ парол ва ё коди муаррифии мубаллиғони имрӯзаи пантуркистон ба ҳамфикрону ҳамақидаҳояшон дар шаҳри Душанбе аст!)”,-омадааст дар ин навишта.

Генерал Сулаймонбеков ва муаллифи дигари ин матлаб  “компанияи эронситезӣ”-ро дар Тоҷикистон рафтан ба ақиб ва ҷониби завол  донистаанд: “Агар ба фарҳангу тамаддуни ориёӣ, ки стержини дурнамои як қатор барномаҳои сиёсӣ — идеологии Пешвои миллат буд ва моро ба мартабаҳо дар самти худогоҳиву худшиносии миллӣ ба пеш бурда истода буд, руҷӯъ шавад, компанияи эронситезӣ, ки яқинан барномаи муваффақонаи ҳарифони сиёсӣ-идеологии мост, дубора миллатамонро ба самти ақиб ба ҷониби завол хоҳад кашонид, на ба сӯи камол. Аз қадами сиву якум сар карда, дар даҳсолаҳои оянда мо бояд дар заминаи барномаҳои мавҷудаи Пешвои миллат ба сарчашмаҳои илмиву адабиву фарҳангии тамаддунуни ҷаҳоншумули ориёӣ ҷафстару наздиктар ва оқилтару баркамолтар бигардем! Бояд дар заминаи торихии маҳз ҳамин таълимоти классикии мавҷуда барномаи “Дурнамои стратегияи идеологияи миллиямонро таҳия намуда, онро ҷанбаи ҳуқуқӣ бубахшем ва вориди амал намоем”.

Аноятбек Сулаймонбеков бо шарикаш дар ин матлаб ҳамчунин ҳушдоре аз нуфузи Чин дар Тоҷикистон додаанд:  “Ин масъала махсусан дар он шароите зарурияти ногузир касб менамояд, ки кишвари бузурги Чин, ки солҳост мо онро ба унвони такягоҳу пуштибони иқтисодиву саноатӣ пазируфтаем ва солҳост, он ба мо дасти “кумак” дароз намуда, дар тамоми самтҳои зиндагии кишварамон фаъолияти густурдае дорад, ончуноне имрӯз маълум гардида истодааст, он давлат аз аввал ҳам ҳарду дасташро ба ҷониби мо дароз намуда будааст, яке дасти кӯмак, дигаре дасти тамаъ”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...