Ҳосили картошка имсол кам шуд. Нарх чӣ гуна мешавад?

Кишоварзони Тоҷикистон имсол зиёда аз 227 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 78 ҳазор тонна камтар мебошад. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, картошка имсол дар майдони беш аз 33 ҳазор гектар шинонида шуда, то аввали ҳамин ҳафта аз 13,3 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Ба иттилои […]

Кишоварзони Тоҷикистон имсол зиёда аз 227 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 78 ҳазор тонна камтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, картошка имсол дар майдони беш аз 33 ҳазор гектар шинонида шуда, то аввали ҳамин ҳафта аз 13,3 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокии картошка аз ҳар як гектар 170,7 сентнерро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки баҳори имсол бинобар сабаби камбуди картошка, нархи он дар ҷумҳурӣ якбора боло рафт.

Дар сохторҳои дахлдор сабаби инро камшавии воридоти он аз дигар кишварҳо – Русия, Покистон, Чин ва Ӯзбекистон маънидод мекунанд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, болоравии нархи ин маҳсулот давоми 8 моҳи соли ҷорӣ қариб 23%-ро ташкил додааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ танҳо билетҳои ҳавопаймоӣ зиёдтар аз ин қимат шудааст.

Айни замон нархи 1 кило картошка дар бозорҳои пойтахт то ба 3,25 сомонӣ мерасад, ки барои ин давра нархи баланд маҳсуб меёбад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои 1 кас дар як сол 92 кило муқаррар шудааст. Барои таъмини аҳолии кишвар бо ин маҳсулот дар 1 сол то 1 млн тонна картошка лозим аст.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта дар бозорҳои Душанбе ин моҳ орду гӯшт ва ширу биринҷ қимат шуд. Инҷунин маҳсулоте низ ҳаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархаш паст шудааст.

Дар инфографикаи зер нархҳои миёна ба маҳсулоти ғизоӣ дар Душанбе.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.