Лату кӯби кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои дағалӣ

Ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора торнамои РЕН ТВ хабар медиҳад. Ба навиштаи торнамо, ҳодиса дар ҳудуди ин намояндагии дипломатӣ рух додааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст, аммо дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ масъулони сафорат ин хабарро на таъйид […]

Ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора торнамои РЕН ТВ хабар медиҳад. Ба навиштаи торнамо, ҳодиса дар ҳудуди ин намояндагии дипломатӣ рух додааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст, аммо дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ масъулони сафорат ин хабарро на таъйид карданд ва на рад.

Вале як манбаъи наздик ба доираҳои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus”  гуфт, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ шахсони гумонбар дар ин кор зодагони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд, ки далели ин корро дар вақти пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати ғайриҳирфавии  масъулони қабули шаҳрвандони сафорат гуфтаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки пештар барои номнавис шудан дар рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кишвар бармегарданд муроҷиат кардаанд, ки аз чор нафар се нафарашон билет дарёфт кардаанду як нафарашон не.

РЕН ТВ аз қавли як манбааш хабар медиҳад,  ки вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба ҷойи ҳодиса омадаанд, як нафари ба унвони гумонбар, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Ин торнамо навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамла бинӣ ва ангушти дасти рости яке аз ҷабрдидагон шикастааст, ки ӯро ба бемористон бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” аз рӯйи ин ҳодиса шуъбаи  пулиси  Пресненскии Маскав парванда боз кардаву гумонбаронро пурсуҷӯ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.