Ҳамкориҳои минтақавӣ

25 сентябри соли 2020 дар дафтари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон  (AKDN), вохурӣ миёни Намояндаи Доимӣ, сафир Қозидавлат Қоимдодов ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои пурсамари байнисарҳадиро дар бахши маориф, тандурустӣ, энергетика, телекоммуникатсия ва аграрӣ миёни AKDN-и Ҷумҳурии […]

25 сентябри соли 2020 дар дафтари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон  (AKDN), вохурӣ миёни Намояндаи Доимӣ, сафир Қозидавлат Қоимдодов ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои пурсамари байнисарҳадиро дар бахши маориф, тандурустӣ, энергетика, телекоммуникатсия ва аграрӣ миёни AKDN-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИА баррасӣ намуда, аҳамияти кӯшишҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни байнисарҳадӣ таъкид карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тавассути купрукҳои байнимарзӣ ҳукумати ҶИА ва Тоҷикистон аз тариқи ҳамкории самаранок бо шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии ҳар ду кишвар мусоидат намоянд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои манфиати муштарак изҳор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.