Президенти АМИ: ҷилави тақдири миллат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳо (АМИ)-и Тоҷикистон дар як матлабе, ки онро хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” нашр кардааст, гуфтааст, ки “ҷилави тақдири миллат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст”. Дар ин матлаб, ки “Эҳёи саразми бостон – эҳдои хиради Пешво” унвон дорад, Фарҳод Раҳимӣ аз саҳму талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнгирии 5500-солагии Саразм, […]

Asia-Plus

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳо (АМИ)-и Тоҷикистон дар як матлабе, ки онро хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” нашр кардааст, гуфтааст, ки “ҷилави тақдири миллат дар дасти Эмомалӣ Раҳмон аст”.

Дар ин матлаб, ки “Эҳёи саразми бостон – эҳдои хиради Пешво” унвон дорад, Фарҳод Раҳимӣ аз саҳму талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнгирии 5500-солагии Саразм, шаҳри қадимае дар канори шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ситоиш мекунад, ки дар аввали сентябр  аз он таҷлил шуд.

Президенти Фарҳангистони Тоҷикистон бо ишора ба нақши Исмоили Сомонӣ дар таърихи тоҷикон аз донишманде иқтибос овардааст: “мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд”. Ба дунболи ин Раҳимӣ навиштааст, ки “дар айёми тақдирсозу масъулиятбори истиқлол чунин як ҷавонмарди шуҷоъ ва хайрхоҳу поктинат Эмомалӣ Раҳмон ҷилави тақдири миллатро ба даст гирифт. Ин абармарди олами сиёсат бо хиради волою матонату иродати беназири хеш тавонист аркони истиқлоли тоҷиконро чунон устувору пойбарҷой намояд, ки дигар ҳаргиз «аз боду борон наёбад газанд”.

Дар ин матлаб Раҳимӣ Эмомалӣ Раҳмонро “ҷавонмарди табиатан фарҳангӣ” номида ва гуфтааст, ки “ба таърихи миллат таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ доранд”.  Президенти Академияи улум  ба нақши президенти кишвар дар ҷашнгирии 5500-солагии Саразм таъкид карда навиштааст, ки “Пӯшида нест, ки кашфи Саразм ва оғози ҳафриёти он ба давраи то истиқлол (аниқтараш ба соли 1976) рост омадааст, вале ҳамагон гувоҳем ва воқеияти бебаҳс он аст, ки ҳафриёти бовусъат ва ҳадафмандонаву натиҷабори ин мавзеи бостонӣ ба даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ пайванд мебошад ва ташаббускори асосии эҳёи Саразм ва фарогир гаштани ҳафриёти он маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд”.

Фарҳод Раҳимӣ дар ин матлабаш гуфтааст, ки саҳму талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафриёту ҷашнгирии Саразм ниёз ба таълифи як китоби ҷудогона дорад ва ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ин китобро ҳатман нашр мекунад: “Сарвари давлати мо эҳёгар, ривоҷбахш, ғамхор ва посдори садоқатманду устувори Саразми бостонианд ва ба ин як пора марзи нодиру ифтихорангези Тоҷикистони азиз муҳаббату эҳтироми самимӣ доранд. Месазад, ки дар бораи корномаи Пешвои миллат ҳамбаста ба эҳёву омӯзишу таҳқиқу арҷгузории Саразми бостонӣ китобе таҳия ва ба чоп расонида шавад ва ин корро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳатман ба сомон хоҳанд расонд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.