Дар Ёвон зане бо фарзандаш худро ба дарё партофт

Asia-Plus

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар боз як ҳодисаи нохушу фоҷеабор – худкушӣ бо фарзанд ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, нимаи дуюми рӯзи 27-уми сентябр як зани 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кардааст.

“Баъди дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумита дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ, ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш мекунад нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд. Ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконатонро азиз доред!

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита дар бартараф намудани оқибатҳои садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Айнӣ ва Панҷакент – Айнӣ низ иштирок карданд.

Дар километри 82-юми роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент автомашинаи тамғаи «Nissan Cefiro» ба ҷарии 10 метра сарозер рафта, як мусофирзани 23-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

“Наҷотбахшон ба воситаи асбобу лавозимоти махсус дар ва болои автомашинаро бурида, мусофирони зиндамондаро берун оварданд ва ба беморхонаи Панҷакент фиристоданд”, – қайд мешавад дар хабари Кумита.

Ҳодисаи дуюм дар километри 151-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дод. Автомашинаи сабукрави «Хундай Туксон», ки дар дохилаш 3 нафар ҳузур доштанд, бо суръати баланд ба автомашинаи боркаши “КамАЗ” бархӯрдааст, ки дар натиҷа се каси дар автомашинаи сабукрав қарордошта ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз ронандагон дархост мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...