Поёни кори дарозумртарин сафири Тоҷикистон

Бино ба иттилое, ки “Азия-Плюс” аз як манбаи муътамад дарёфт намуд, Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, бино ба поён расидани маъмурияташ ба Тоҷикистон баргаштааст. Шарофиддин Имом яке аз дарозумртарин сафирони Тоҷикистон буд, ки аз 13 октябри соли 2008 ба ин сӯ, 12 сол мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро дар ихтиёр дошт. Тибқи иттилои […]

Бино ба иттилое, ки “Азия-Плюс” аз як манбаи муътамад дарёфт намуд, Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, бино ба поён расидани маъмурияташ ба Тоҷикистон баргаштааст. Шарофиддин Имом яке аз дарозумртарин сафирони Тоҷикистон буд, ки аз 13 октябри соли 2008 ба ин сӯ, 12 сол мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистонро дар ихтиёр дошт.

Тибқи иттилои манбаъи “Азия-Плюс”, дар назар аст ба мақоми сафири нави Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ баъд аз баргузор шудани интихоботи президенти Тоҷикистон таъин шавад. Аммо дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба далели дар ин замина ҳеч фармоне содир нашудан, ин хабаррҳоро рад мекунад.

Вале Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғониситон дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки 15-уми сентябр бо Шарофиддин Имом, сафири Тоҷикистон дар Кобул мулоқоти тавдиъӣ (видоӣ) доштааст.

Ба гуфти манбаъи “Азия-Плюс”, Шарофиддин Имом ҳоло ба Душанбе баргаштааст. Даврони сафирии Шарофиддин Имом дар Кобул сару садоҳои зиёде низ дар пай дошт. Аз ҷумла борҳо дар расонаҳои Афғонистон аз мушкилоти дарёфти раводиди Тоҷикистон ва вуҷуди фасод матолиб нашр шуда буд, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул ин сару садоҳоро рад карда буд.

Саъдӣ Шарифӣ, ки гуфта мешавад ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон таъин мешавад, ҳоло вазифаи сардори Раёсати кишварҳои Ховари миёна ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.