Дар ним сол БМТ захираҳои тиллову асъорро $271 млн зиёд кард

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар нимсолаи аввал 271 млн доллар зиёд шуданд. Дар гузориши БМТ қайд мешавад, ки ҳаҷми ин захираҳо аз 5,3 моҳи рӯйпӯш кардани воридот дар аввали соли то ба 6,3 моҳ расидааст. Арзиши умумии захираҳои тиллову асъор аз ҷониби БМТ ифшо намешавад. Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ […]

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар нимсолаи аввал 271 млн доллар зиёд шуданд.

Дар гузориши БМТ қайд мешавад, ки ҳаҷми ин захираҳо аз 5,3 моҳи рӯйпӯш кардани воридот дар аввали соли то ба 6,3 моҳ расидааст. Арзиши умумии захираҳои тиллову асъор аз ҷониби БМТ ифшо намешавад.

Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 250 млн долларро ташкил додааст. Бо назардошти ин, метавон тахмин зад, ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ ба аввали нимсолаи дуюм 1 млрд 575 млн долларро ташкил медиҳад.

Қаблан раҳбарияти Бонки миллӣ изҳор дошта буд, ки нимсолаи аввал аз ҳисоби ин захираҳо барои таъмини талаботи бозори байнибонкӣ бо доллар ба маблағи 104,3 млн доллар ба бозор дахолат (интервесния) сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ беш аз 8 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз тарафи корхонаҳои заргарӣ харидорӣ мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои тиллову асъори худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.

Тибқи маълумоти портали иттилоотиву таҳлилии Take-profit.org, дар семоҳаи дуюми соли 2020 ҳаҷми захираҳои тилло дар Тоҷикистон 17,2 тоннаро ташкил додааст. Портали мазкур доир ба рӯйдодҳо дар иқтисоди ҷаҳон, бозорҳои фондӣ ва молӣ, майдонҳои биржа маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъор дар ихтиёр дорад. Маълумот дар бораи ҳаҷми ин захираҳо ифшо намегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.