Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори фавтидагон афзуд

То субҳи 28 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия […]

Asia-Plus

То субҳи 28 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 646 нафар расид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзҳои истироҳат 84 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон рӯзҳои истироҳати гузашта дар мамлакат  89 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, теъдоди умумии шифоёфтагон ба 8 ҳазор 430 нафар (87,4%) расид.

Қобили зикр аст, ки дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав ва чанде аз кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса, Испания ва дигар давлатҳо бинобар сабаби зиёдшавии ҳодисаҳои сироятёбӣ ба дубора роҳандозии чораҳои маҳдудкунӣ бармегарданд.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, то субҳи 28 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари дунё 32 млн 994 ҳазору 213 нафарро ташкил дода, 996 ҳазору 682 кас бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.