Даргузашти ҳамоҳангсози Бунёди Сорос дар Тоҷикистоон Лола Бобоева

Asia-Plus

Бобоева Лола Иброҳимовна, ҳамоҳангсози барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” рӯзи 27 сентябр дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Лола Бобоева аз соли 2002 дар Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор мекард. Фаъолияташро аз амалисозии барномаи байнулмилалии “Қадам ба қадам”, ки ба ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ равона гардида буд, оғоз намуд. Дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ /ниҳодҳо ва дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Лола Бобоева ба рушд ва ҷорисзии таълимоти фарогир (инклюзивӣ) ва дахолати барвақтӣ дар кишвар мусоидат намуда, инчунин дар омода кардани мутахассисон дар соҳаи рушди барвақтии кӯдакон саҳм гузошт.

Ӯ дорои сатҳи магистри Донишгоҳи Манчестер (соли 2008) ва диплом дар бораи омодагии касбӣ дар самти “Сиёсати маориф ва менеҷмент”-и Мактаби олии илмҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Маскав мебошад.

Давоми 18 соли фаъолият дар Фонд Лола Иброҳимовна дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди таълимоти фарогир ва дастраси томактабӣ дар кишвари мо равона шуда буданд, саҳми беандоза гузошт.

Ҳайати кормандони Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз даргузашти бемаҳали Лола Бобоева андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллият мекунанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...