Даргузашти ҳамоҳангсози Бунёди Сорос дар Тоҷикистоон Лола Бобоева

Бобоева Лола Иброҳимовна, ҳамоҳангсози барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” рӯзи 27 сентябр дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт. Лола Бобоева аз соли 2002 дар Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор мекард. Фаъолияташро аз амалисозии барномаи байнулмилалии “Қадам ба қадам”, ки ба ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ равона гардида буд, оғоз намуд. Дар ҳамдастӣ бо […]

Бобоева Лола Иброҳимовна, ҳамоҳангсози барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” рӯзи 27 сентябр дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Лола Бобоева аз соли 2002 дар Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон кор мекард. Фаъолияташро аз амалисозии барномаи байнулмилалии “Қадам ба қадам”, ки ба ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ равона гардида буд, оғоз намуд. Дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ /ниҳодҳо ва дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Лола Бобоева ба рушд ва ҷорисзии таълимоти фарогир (инклюзивӣ) ва дахолати барвақтӣ дар кишвар мусоидат намуда, инчунин дар омода кардани мутахассисон дар соҳаи рушди барвақтии кӯдакон саҳм гузошт.

Ӯ дорои сатҳи магистри Донишгоҳи Манчестер (соли 2008) ва диплом дар бораи омодагии касбӣ дар самти “Сиёсати маориф ва менеҷмент”-и Мактаби олии илмҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Маскав мебошад.

Давоми 18 соли фаъолият дар Фонд Лола Иброҳимовна дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди таълимоти фарогир ва дастраси томактабӣ дар кишвари мо равона шуда буданд, саҳми беандоза гузошт.

Ҳайати кормандони Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз даргузашти бемаҳали Лола Бобоева андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллият мекунанд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.