Театри Лоҳутӣ сарфи назар аз коронавирус мавсими навро оғоз кард

Театри давлатии академии драмаи Лоҳутӣ 29 сентябр баъди таваққуфи тӯлонӣ бар асари бемории коронавируси COVID 19, мавсими театрии навро оғоз мекунад. Аммо масъулони Театр мегӯянд, намоишномаҳо бо риояи қатъиии қоидаҳо ва чораҳои шадиди беҳдоштӣ ба тамошобинон пешниҳод мекунанд. Лутфулло Давлатов, раиси тетари Лоҳутӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз вазорати фарҳанг пешниҳоди намоишномаҳоро […]

Театри давлатии академии драмаи Лоҳутӣ 29 сентябр баъди таваққуфи тӯлонӣ бар асари бемории коронавируси COVID 19, мавсими театрии навро оғоз мекунад. Аммо масъулони Театр мегӯянд, намоишномаҳо бо риояи қатъиии қоидаҳо ва чораҳои шадиди беҳдоштӣ ба тамошобинон пешниҳод мекунанд.

Лутфулло Давлатов, раиси тетари Лоҳутӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз вазорати фарҳанг пешниҳоди намоишномаҳоро манъ карда буд, ҳоло барои теъдоди маҳдуди тамошобинон иҷоза додааст.

“Аммо мо вобаста ба вазъияти беҳдоштӣ дар кишвар минбаъд амал мекунем. Агар шароити беҳдоштӣ ва ниҳодҳои дахлдор иҷоза диҳад, мо бо ирсоли мактуб масъалаи ҷалби хонандаҳои мактаб ва донишҷӯёнро низ баррасӣ мекунем”,- гуфт Давлатов.

Ин раҳбари театр мегӯяд, ки онҳо пеш аз намоишномаҳо ҳарорати бадани тамошобинонро месанҷанд, онҳоро дар фосилаҳои муқарраркарда мешинонанд ва ҳамчунин истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ниқобҳои тиббиро низ ҷиддӣ мегиранд.

Дар назар аст дар мавсими нав намоишномаҳои “Ташвиш”,  “Ишқи Ватан”, “Хостгорӣ”, “Диаген” ва “Фирдавсӣ” рӯйи саҳна гузошта шаванд. Мавсим бо намоишномаи “Фирдавсӣ” соати 17.30-и 29 сентябр оғоз мешавад.

Ҳамчунин Театри русии драмаи Маяковский низ рӯзи 3 октябр дари худро боз мекунад, ки дар назар аст соати 15.00 намоишномаи "Гуноҳи Қобил"-ро ба намоиш бигузорад. Театри давлатии ҷавонон ҳам рӯзи 3 октябр кори худро бо намоиши "Зани оҳанин" оғоз мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.