“Регар-ТадАЗ” соли оянда дар Лигаи якум бозӣ мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бозиҳои даври 15-уми мавқуфгузошта байни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, як давр пеш аз итмоми мусобиқаи 29-уми чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳамаи имкони дар Лигаи олии футбол боқӣ монданро аз даст дода, дар мавсими соли оянда дар Лигаи якум бозӣ мекунад, ки дар таърихи даста бори аввал аст.

Баъди ғалаба дар майдони худ бар дастаи “Файзқанд” (5:2) тими “Истаравшан” сарфи назар аз натиҷаи вохӯрии даври охир, дар Лигаи олӣ боқӣ мемонад.

Боз як дастаи дигаре, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” бояд имсол Лигаи олиро тарк кунад, дар даври охир – дар бозии “Файзқанд”-и Восеъ ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе маълум мешавад. Барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ натиҷаи мусовӣ барои “Файзқанд” басанда буда, лекин душанбегиҳо танҳо дар сурати ғалабаашон дар Лигаи олӣ боқӣ мемонанд.

Дорандаи медалҳои биринҷии мавсими футболи 2020 дар Лигаи олӣ низ дар даври охир, ки рӯзи якшанбе, 4 октябр доир мегардад, муайян мешавад. Се даста – КМВА (ССКА), “Кӯктош” ва “Хатлон” ба дарёфти медалҳои биринҷӣ довталабӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки медалҳои тилло ва нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро дар мавсим имсола пеш аз муҳлат дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба даст оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...