Дар атрофи Хуҷанд роҳи мошингарди нимҳалқавӣ месозанд

Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди нимҳалқавӣ дар атрофи шаҳри Хуҷанд ва барқарор намудани ҳолати экологии Сирдарё рӯзи 30 сентябр дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баррасӣ шуд. Зикр шуд, ки амалисозии лоиҳа дар Хуҷанд ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ гардида, лекин татбиқ нашуд. Акнун […]

Лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди нимҳалқавӣ дар атрофи шаҳри Хуҷанд ва барқарор намудани ҳолати экологии Сирдарё рӯзи 30 сентябр дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баррасӣ шуд.

Зикр шуд, ки амалисозии лоиҳа дар Хуҷанд ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ гардида, лекин татбиқ нашуд. Акнун сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба амалисозии он дастур додааст.

Амалисозии лоиҳа дар ду марҳила пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи аввал сохтмони роҳи масофааш 22 километр дар атрофи қисмати соҳили чапи шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин таъмиру навсозии пул аз болои Сирдарё, ки соли 1963 сохта шудааст, дар назар аст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа барқарор кардани вазъи экологии Сирдарё ва шаҳр, анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади бунёди иншооти сайёҳӣ, солимгардонӣ, фароғатӣ ва транзитиро дар ду соҳили дарё (аз шаҳри Гулистон то шаҳри Хуҷанд бо масофаи 31 километр) дар бар мегирад.

Зарурати амалисозии ин лоиҳа раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди зерсохтори сайёҳӣ ва рушди ин соҳа унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.