Панҷ нафар: Хоҷазода дар Гранд Слами Будапешт иштирок намекунад

Asia-Plus

Панҷ нафар ҷудокори тоҷик дар Гранд Слами Бедапешт, ки рузҳои 23-25 октябр баргузор мешавад иштирок мекунанд. Шакармамад Мирмамадов, Комроншоҳ Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Акмал Муродов Тоҷикистонро дар ин сабқат намояндагӣ хоҳанд кард.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Беҳрӯз Хоҷазода ҳам дар ин сабқат ширкат мекунад, вале ҳоло ба иттилоъи як манбаъ Хоҷазода дар ин сабқат ширкат намекардааст. Ба гуфтаи мураббии  Беҳруз Хоҷазода далел ширкат накардани шогирдаш латхӯрдагии парак (қабурға)-ҳояш  ва ҷарроҳии биние, ки ахиран кардааст, мебошад. “Ҳоло беҳбудӣ ҳаст, насиб бошад Беҳрӯз дар мусобиқоти баъди Будапешт иштирок хоҳад кард”,-гуфт Садриддин Обидов.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73, Акмал Муродов -81, Комроншоҳ Устопириён – 90 ва Шакармамад Мирмамадову Темур Раҳимов дар вазни +100 қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ин сабқат бо иштироки 73 кишвари дунё баъди ҳамагирии коронавирус нахустин  мусобиқаи ҷудокорон аст, ки таҳти сарпарастии Федратсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Маҷористон баргузор мешавад.

Ҳоло баъди ҳамагирии коронавирус шарити иштирок дар сабқатҳои хориҷ аз кишвар сахттар шудааст ва маълумотномаву дигар санадҳаои тиббие зарур аст, ки IJF дар торнамояш нашр намудааст.

Гуфта мешавад, ки ин панҷ паҳлавони тоҷик ҳамагӣ раводиди шенгенро доранд ва танҳо санадҳои тиббии лозимро барои ширкат дар ин сабқат мегиранд.

IJF имрӯз бори дигар расман таъйид кард, ки сабқат баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...