Шаҳринав: 18 соли зиндон барои таҷовузи духтари писарамак

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ  хабар медиҳад, ки як мардро дар ноҳияи Шаҳринав барои таҷовузи духтари ноболиғи писарамакаш ба мухдати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Ба иттилои манбаъ, Олимбой Азизов аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид шуда, аз набудани аъзоҳои оила […]

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ  хабар медиҳад, ки як мардро дар ноҳияи Шаҳринав барои таҷовузи духтари ноболиғи писарамакаш ба мухдати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Олимбой Азизов аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов А., воқеъ дар суроғаи ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти А.Ҳасанов ворид шуда, аз набудани аъзоҳои оила истифода бурда, ба духтари писарамакаш ноболиғ А.Ш. таваллудаш 6-уми октябри соли 2005 ҳуҷум карда ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ мекунад. Азизов дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, нафси шаҳвонии худро қонеъ мекунад.

Гуфта мешавад, ки баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов О.Т. ноболиғ А.Ш.-ро тахдид кардааст, ки агар дар мавриди ҳодисаи рухдода ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.

Инчунин, Азизов О.Т. ин амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, такроран 23 январи 2019 бо ҳамин мақсад ба манзили истиқоматии мазкур даромада, аз набудани волидони ноболиғ А.Ш. истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ такроран тариқи маҷбурӣ бо А.Ш. алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.  Баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғ А.Ш.-ро тахдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад.

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбат ба Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) қисми 3 «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Бо ҳукми Суд Азизов О.Т. бо моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) қисми 3 банди «а» ва 120 КҶ Ҷумҳурии гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.