Баррасии ҷорисозии низомҳои бехатари маҳсулоти кишоварзӣ дар ОМ

Иттилоияи расмӣ

Бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон рӯзи 14 октябр мизи мудаввари минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мавқеи мувофиқашуда оид ба пешбурди системаҳои бехатарии ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) баррасӣ шуданд.

Вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҷорӣ, ки маҳз бо пандемия ба амал омадааст, мизи мудаввар онлайн (тариқи фосилавӣ) баргузор гардид.

Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои ташаккули шароити мусоиди институтсионалиро, ки барои татбиқи системаи байналмилалии эътирофшудаи стандартҳои бехатарии ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ «GlobalG.AP»-ро, ки пайгирии давраи пурраи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро, аз лаҳзаи харид ё истеҳсоли тухмӣ, ва дигар захираҳои техникӣ ва технологӣ то лаҳзаи истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ фарогир мебошад, муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар таҳлили фаврии шароити институтсионалӣ барои татбиқи стандарти GlobalG.A.P. дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод ва муҳокима карда шуд. Таҳлилро Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон» омода намудааст.

Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ (мақомоти стандартизатсия, вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон), ташкилотҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ иштирок карданд.

Мизи мудаввар аз ҷониби консортсиуми CANDY V таҳти роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягӣ Hilfswerk International дар доираи лоиҳаи "Ҳамгироии минтақавӣ ва баландбардории иқтидори рақобатнокии КМХМ дар агробизнес ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) "Central Asia – Invest V" ва Оҷонсии рушди австриягӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ дар Ӯзбекистон, лоиҳаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ (Марҳилаи – III)” маблағгузорӣ мешавад, ташкил гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...