Сафари президент: басташавии 3-рӯзаи баъзе роҳҳо дар Хуҷанд

Бозрасии автомобилии вилояти Суғд огоҳ мекунад, ки аз 15 то 17-уми октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои ҳамшафати он дар соатҳои гуногун маҳдуд ва ё пурра қатъ мегардад. Дар эълон гуфта мешавад, ин роҳбандӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон ба маркази ин вилоят барои иштирок дар ҷашнгирӣ аз 700-солагии шоири  шуҳратёри […]

Бозрасии автомобилии вилояти Суғд огоҳ мекунад, ки аз 15 то 17-уми октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои ҳамшафати он дар соатҳои гуногун маҳдуд ва ё пурра қатъ мегардад.

Дар эълон гуфта мешавад, ин роҳбандӣ ба сафари Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон ба маркази ин вилоят барои иштирок дар ҷашнгирӣ аз 700-солагии шоири  шуҳратёри тоҷик Камоли Хуҷандӣ марбут мебошад.

БДА дар вилояти Суғд аз меҳмонону ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд ва ё баста шудани роҳҳо бо роҳҳои ҳамшафат ҳаракат кунанд. Эълони БДА дар ихтиёри “Азия-Плюс” низ ҳаст ва дар он омадааст:

“Санаи 15 октябр дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи Исмоили Сомонӣ то хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин то чорроҳаи Шарқ, кӯчаи Сирдарё маҳаллаи Чашма, гардиши Ором ва роҳи автомобилгарди “Палос-Сомғор” то шаҳри Гулистон, ҳаракати воситаи нақлиёт маҳдуд мегардад”.

Ба иттилои ин ниҳод ҳамчунин 16-уми октябр дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи Исмоили Сомонӣ то Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва 17-уми октябр роҳҳои автомобилгарди “Ғафуров-Қаҳрамон-Пунғон”, кӯчаҳои деҳаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил то Боғи миллӣ ва бозгашт тавассути кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ва кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон дар соатҳои зарурӣ баста мешавад ва ё ин ки ҳаракати воситаи нақлиёт маҳдуд мегардад.

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст ва адар адабиёти форсу тоҷик яке аз ғазалсароёни бузург эътироф шудааст. Имсол бо қарори ЮНЕСКО – Кумитаи илму фарҳанги СММ 700-солагии эшон ҷашн гирифта мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.