Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрику таҳният гуфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар барқияаш гуфтааст, ки “Ҷаноби Олӣ, самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз […]

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар барқияаш гуфтааст, ки “Ҷаноби Олӣ, самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби  Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи  президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.

Дар табрикот зикр шудааст, ки шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро  барои  идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар  дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд  муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии  тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

“Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”, – илова намудааст дар охир Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV.

Ҳамзамон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардида истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.