Фавти шумори рекордии беморон дар Русия аз Covid-19

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 нафар беморони аз коронавирус сироятёфта фавтиданд, ки нишондиҳандаи рекордӣ дар тамоми замони пандемия аст.

Тавре ВВС хабар медиҳад, дар ҳошияи афзоиши шумори сироятёфтагон аз Covid-19 ҳукумати ин кишвар изҳор мекунад, ки тарабхонаву мағозаҳо алҳол метавонанд бо реҷаи муқаррарӣ кор кунанд, инчунин марҳилаи нави барномаи имтиёзнок (кэшбэк) дар бахши сайёҳиро роҳандозӣ мекунанд.

Дар ин шабонарӯз дар Русия шумори рекордии фавт аз Covid-19 – 286 нафар сабт шуд. Рекорди аввал ду рӯз пеш, 13 октябр гузошта шуда, дар ин рӯз ситод дар бораи фавти 244 нафар хабар дод.

Чанде пеш афзоиши шабонарӯзии сироятёфтагон аз коронавирус 14 ҳазору 231 ҳолатро ташкил дод, ки бори нахуст беш за 14 ҳазор нафар аст. Моҳи сентябр афзоиши шумори шабонарӯзӣ аз 5 то 10 ҳазор, рӯзи 9 октябр – ба беш аз 12 ҳазор ва рӯзи якшанбе – ба зиёда аз 13 ҳазор кас расид.

Дар Русия аз замони оғози пандемия ҳамагӣ 1 млн 354 ҳазору 163 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, 1 млн 048 ҳазору 097 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ 23 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.