Эмомалӣ Раҳмон: Содиқ Ҳидоят абераи Камоли Хуҷандист

Asai-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Содиқ Ҳидоят нависанди варзида, яке аз равшанфикрони пештози Эрон ва Ризоқулихони Ҳидоят шоир, нависанда ва тазкиранависи даврони Қочориёни Эрон аз аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ ба далелҳои дар Табрез сукунат ихтиёр кардани Камоли Хуҷандӣ ишора карда, яке аз далелҳои боқӣ мондани Камолро дар Табрез аҳолии бештари шаҳрро ташкил додани тоҷикон номид. Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки "Таърихнависи бузурги ҳамасри Камоли Хуҷандӣ – Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ, ки бештар дар Табрез умр ба сар бурдаасту шоҳиди ҳол будааст, дар яке аз рисолаҳои худ чунин хабар медиҳад: — “Аксари мардуми бумии Табрез тоҷиконанд”.

Бино ба ишораи Эмомалӣ Раҳмон "яъне Камол он ҷо дар байни ҳамқавмон ва дар иҳотаи муҳити забони модарии худ қарор дошт ва бо хурду бузург дар муошират буд".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханрониш ҳамчунин гуфт, ки Камол дар ин шаҳр издивоҷ карда чанд фарзанд ҳам доштааст: "Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад ва ишораҳои шахсӣ донишмандону адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони Камоли Хуҷандӣ мебошанд",-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Камоли Хуҷандӣ ба унвони шоире ном бурд, ки "дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Табрез ҳамчун донишманди бузург ва шоири тавоно шуҳрат пайдо карда, ҳамзамононаш ӯро бо сифатҳои «саромади рӯзгор», «марҷаи хосу ом» ва «сархайли акобири айём» тавсиф кардаанд. Вай дар замони зиндагии худ соҳиби эътибору обрӯи баланд гардида, муриду шогирдони зиёд доштааст. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро низ ба уҳда доштааст".

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ далели "эътибори баланд Камоли Хуҷандӣ"-ро  дар "шоири озодманиш, соҳиби истиқлоли фикриву эҷодӣ ва шахси сарбаланду боғурур будаан" донист.

Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст ва адар адабиёти форсу тоҷик яке аз ғазалсароёни бузург эътироф шудааст. Имсол бо қарори ЮНЕСКО – Кумитаи илму фарҳанги СММ 700-солагии эшон ҷашн гирифта мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/society/20201015/safari-prezident-bastashavii-3-rzai-baze-roo-dar-huand

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.