“Равшан”-и Кӯлоб – барандаи Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон

tojiki

Дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, пеш аз оғози бозӣ футболбозони ҳар ду даста ба табибон барои меҳнати содиқонаашон дар мубориза бо пандемияи коронавирус изҳори миннатдорӣ карданд.

Бозии финалӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи  тими “Равшан” анҷом ёфта, тӯби нахустинро дар дақиқаи 67-ум аз зарбаи 11-метра ҳимоягари “Равшан” Далер Шомуродов ба ҳадаф расонид.

Фонди мукофотпулии вохӯрии финалӣ 35 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба ғолиби бозӣ ба ҷуз ҷом, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ба дастаи мағлубшуда дар бозии финалӣ медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд. Ғайр аз ин, ба бозингари беҳтарини вохӯрии финалӣ – нимҳимоятгари “Равшан” Абдураҳмон Нозимов 3 ҳазор сомонӣ мукофототпулӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи мусобиқаи Ҷоми миллии футболи ҷумҳурӣ дастаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард.

Барои “Равшан” ин пирӯзии дуюм дар ин мусобиқа аст. Қаблан 26 сол пеш – соли 1994 “Равшан” ба дарёфти Ҷоми футболи кишвар даст ёфта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.