Видео-озмуни «Худам хабарнигори худам» аз Tcell идома дорад!

Озмуни видеоии  «Худам хабарнигори худам» аз оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell идома дорад! То анҷоми озмун 2 ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Барои наворгирии "гузориш"- хандаовари ҳаётатон шитоб намоед, то ба ин васила яке аз 3 смартфони MI 10 бо дурбини 108MP-ро бурд кунед! Озмуни «Худам хабарнигори худам» ҳанӯз 11 сентябр оғоз гардида, то […]

Озмуни видеоии  «Худам хабарнигори худам» аз оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell идома дорад! То анҷоми озмун 2 ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Барои наворгирии "гузориш"- хандаовари ҳаётатон шитоб намоед, то ба ин васила яке аз 3 смартфони MI 10 бо дурбини 108MP-ро бурд кунед!

Озмуни «Худам хабарнигори худам» ҳанӯз 11 сентябр оғоз гардида, то имрӯз 32 навор аз иштирокчиён қабул шудааст: видеоҳо аз лаҳзаҳои хотирмони кӯдакон, эпизодҳои хандаовар, шӯхӣ ва бозиҳои аҷиб, рафтори ғайриоддии ҳайвоноти хонагӣ ва амалҳои мухталифи дӯстону пайвандон иборатанд.

Ҳамаи наворҳо дар шабакаи Tcell дар YouTube: https://www.youtube.com/user/TcellTJ ва дар саҳифаҳои расмии Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.

Комиссияи иборат аз кормандони масъули ширкат пас аз ба итмом расидани озмун натиҷаҳои онро ҷамъбаст карда, 3 навори беҳтарину хандаовари ғайриоддиро интихоб намуда, ғолибонро бо смартфонҳои MI 10 бо дурбини 108MP сарфароз мегардонанд!

Озмун рӯзи 31 октябр ба охир мерасад ва натиҷаҳои ниҳоӣ 2 ноябр эълон мешаванд.

Шумо ҳоло ҳам имкон (шонс)-и ширкат дар озмунро доред! Барои иштирок дар озмун кофӣ аст, ки навори шавқангезро тавассути дурбини телефон аз рӯзгоратон сабт карда, ба мо ирсол намоед.

Навор бояд ба шартҳои зерин, ки  дар номгӯяшон дар поён оварда мешавад, ҷавоб дода тавонад: https://www.tcell.tj/content/news/konkurs/

Наворҳоро дар Telegram ба рақами +992934601661 ирсол намоед.

Tcell аз Шумо навору саҳначаҳои асливу шавқангезро интизор аст!

Муваффақ бошед!

___________________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.