“Равшан”-и Кӯлоб – барандаи Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон

Дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, пеш аз оғози бозӣ футболбозони ҳар ду даста ба табибон барои меҳнати содиқонаашон дар мубориза бо пандемияи коронавирус изҳори миннатдорӣ карданд. Бозии финалӣ байни дастаҳо бо ҳисоби […]

Дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, пеш аз оғози бозӣ футболбозони ҳар ду даста ба табибон барои меҳнати содиқонаашон дар мубориза бо пандемияи коронавирус изҳори миннатдорӣ карданд.

Бозии финалӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи  тими “Равшан” анҷом ёфта, тӯби нахустинро дар дақиқаи 67-ум аз зарбаи 11-метра ҳимоягари “Равшан” Далер Шомуродов ба ҳадаф расонид.

Фонди мукофотпулии вохӯрии финалӣ 35 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба ғолиби бозӣ ба ҷуз ҷом, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ба дастаи мағлубшуда дар бозии финалӣ медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд. Ғайр аз ин, ба бозингари беҳтарини вохӯрии финалӣ – нимҳимоятгари “Равшан” Абдураҳмон Нозимов 3 ҳазор сомонӣ мукофототпулӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи мусобиқаи Ҷоми миллии футболи ҷумҳурӣ дастаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст овард.

Барои “Равшан” ин пирӯзии дуюм дар ин мусобиқа аст. Қаблан 26 сол пеш – соли 1994 “Равшан” ба дарёфти Ҷоми футболи кишвар даст ёфта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.