Оғози иҷрои ваколатҳои сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон

Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири нави Фаронсаро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд. […]

Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири нави Фаронсаро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса 7-12 ноябри 2019 баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.

То ба ин вазифа таъин гардидан Мишел Тарран ба ҳайси ваколатдори муносибатҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикӣ дар Вазорати умури аврупоӣ ва хориҷӣ (солҳои 2016-2020), мудири Донишкадаи Фаронса ва Алянс Франсез дар Санкт-Петербург (солҳои 1991-1994), масъули масоили фарҳанг, илм ва ҳамкорӣ дар сафорати Фаронса дар Албания (солҳои 1994-1998), муовини роҳбари дафтари фаронсавии робита дар Косово (солҳои 1999-2001) ва мушовири ҳайати СММ дар Косово (солҳои 2001-2003) фаъолият кардааст.

Аз соли 2005 то соли 2009 дар вазифаҳои мушовири сафирати Фаронса дар Латвия, солҳои 2009-2013 – мушвири сафорати Фаронса дар Тунис, солҳои 2013-2016 – мушвири дипломатии раиси шӯрои минтақавии соҳили Прованс-Алп-Лазурӣ қарор дошт.

Мишел Тарран маълумоти олии таърихшиносӣ дошта, дорандаи Ордени миллии “Барои хизматҳои шоиста” мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.