Даргузашти оҳангсоз Диловари Зуҳуриён баъди як шаби тӯйаш

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози маъруфи тоҷик имшаб бар асари тасодуфи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба ҳалокат расидааст. Ин хабарро дӯстону наздикони Диловари Зуҳуриён дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.  Диловари Зуҳуриён оҳангсози 46-солаи тоҷик буд, ки бино ба навиштаи бархе аз наздиконаш дишаб тӯйи домодӣ доштааст ва баъди як шаби тӯй ба ин ҳодиса гирифтор шудааст.  Маросими […]

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози маъруфи тоҷик имшаб бар асари тасодуфи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба ҳалокат расидааст. Ин хабарро дӯстону наздикони Диловари Зуҳуриён дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. 

Диловари Зуҳуриён оҳангсози 46-солаи тоҷик буд, ки бино ба навиштаи бархе аз наздиконаш дишаб тӯйи домодӣ доштааст ва баъди як шаби тӯй ба ин ҳодиса гирифтор шудааст. 

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин оҳангсоз имрӯз дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир баргузор мешавад.

Диловари Зуҳуриён соли 2006 дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки орзу дорад дар Консерваторияи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Ҳиндустон таҳсил бикунад ва барои Муъину Гугуш оҳанг бисозад.

Ин оҳангсоз барои овозхонҳои саршиноси эстрадаи тоҷик оҳанг месохт ва корҳои мусиқияшонро банду баст менамуд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги нобаҳангоми ин оҳангсози маъруф андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш дар ин мусибати сахт сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.