Тоҷикистон аз ҳисоби содирот ҳаҷми савдоро бо Швейтсария 5,2 баробар афзуд

Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Швейтсария дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 693 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 баробар зиёд аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба Швейтсария аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 689 млн доллар молу маҳсулот содирот шуда, ҳаҷми воридоти он […]

Ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Швейтсария дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 693 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 баробар зиёд аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба Швейтсария аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 689 млн доллар молу маҳсулот содирот шуда, ҳаҷми воридоти он аз Швейтсария ба кишвари мо андаке бештар аз 4,4 млн долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот ба Швейтсария ба 58% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар ин давра баробар аст.

Нишондиҳандаи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Швейтсария комилан ба содироти маҳсулоти гурӯҳи “сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо”, ки 689 млн долларро ташкил медиҳад, якхела мебошад. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми афзоиши содироти ин гурӯҳи маҳсулот  дар муқоиса бо соли гузашта 5,5 баробарро ташкил дод.

Аввали ҳамин моҳ дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт.

Аммо тасдиқи ин маълумот муяссар нашуд, зеро дар вазорату идораҳои ба ин масъала дахлдори ҷумҳурӣ мегӯянд, ҳамаи маълумот доир ба амалиёт бо захираҳои тилло маълумоти махфӣ дониста мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки захираҳои тилллову асъори Тоҷикистон дар Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тиллои дар кишвар истеҳсолшуда асосан аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз тарафи корхонаҳои заргарӣ харидорӣ мешавад.

Тайи 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар беш аз 4 маротиба – аз 2 тонна дар соли 2014 қариб то ба 8,1 тонна дар соли 2019 афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.