Аз оғози сол дар Тоҷикистон аз ҳама чӣ зиёдтар қимат шуд?

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,2%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 6,3%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,8% ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ – 3,8% боло рафтанд. Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки […]

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 5,2%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Аз ҷумла, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 6,3%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,8% ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ – 3,8% боло рафтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро то охири сол дар сатҳи 7% нигоҳ доштанист. Аммо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррумро соли 2020 дар Тоҷикистон 10% пешгӯйӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки як сол пеш нарху тарифҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 8% боло рафта буданд.

Имсол чӣ қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Шакар (қанд) – 19,6%

Маснуоти нонӣ – 11,7%

Мева – 7%

Равған – 7%

Картошка – 5,7%

Гӯшт – 5%

Маҳсулоти ғайриозуқа:

Гази моеъ – 10,7%

Маҳсулоти дорусозӣ – 8%

Воситаҳои шустан – 6,8%

Масолеҳи сохтмон – 6,7%

Матоъ – 5,5%

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 3,9%

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%

Хизматрасониҳои маишӣ – 2,6%.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.