“Равшан”-и Кӯлоб қаҳрамони 15-солаҳои Тоҷикистон ҳам шуд

Манзума Фирӯз, Asia-*Plus

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 15-сола ғолиб гардида, мақоми аввалро ба даст овард.

Гуфта мешавад, ки ин сабқат бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи “Равшан”- и Кӯлоб (мураббӣ Фаридун Рустамов) шуд. Медалҳои нуқраро дастаи “Суғд” (мураббӣ Аҳрор Ғафуров) ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ (мураббӣ Ҳасан Раҷабов) ба даст оварданд.

Маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории чемпионат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.

Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари чемпионат бошад, ба Ҳайдаршо Худойдодов (“Суғд”) тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов (“Равшан”) беҳтарин нишонзани ин қаҳрамонӣ эълон шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов (“Равшан”) ба даст овард.

Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи якшанбеи 18-уми октябр дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд. То расидан ба даври финалӣ "Равшан" тими маъруфи "Истиқлол"-и Душанберо аз бозӣ берун карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...