89 %: нақшаи даъват ба хидмат: Суғду Хатлон иҷро накарданд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нақшаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 89 дарсад иҷро шуда, то кунун вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро иҷро накардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, вилояти Суғд давоми 20 рӯз 80 дарсад, вилояти Хатлон – 91 фоиз ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ бошанд, 92 % нақшаи даъвати шаҳрвандонро иҷро кардаанд.

– ВМКБ имсол, бори аввал дар рӯзи нахустини даъват аз иҷрои 103 дарсадии нақша хабар дода буд. Шаҳри Душанбе ҳам ба гуфтаи манбаъ, дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардааст. То имрӯз наздик ба 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои даъват гузориш пешниҳод намуданд, – мегӯяд манбаъ.

Сардори Маркази матбуоти вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарфи назар аз ин ки, нақша пеш аз муҳлат иҷро мешавад, кори комиссияи даъват ду моҳ идома мекунад ва ҳоло барои пурра иҷро намудани нақша бештар аз як моҳ фурсат боқӣ аст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ду моҳ – октябр ва ноябр ҷараён мегирад. Ҳамасола шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар минтақаҳое, ки нақшаи даъват қабл аз муҳлат иҷро шуд, ҷавонон ихтиёрӣ ба хидмат рафтаанд.

Ҳамасола ҳангоми маъракаи даъват шаҳрвандон ва бархе Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳолатҳои даъвати иҷборӣ ё ба истилоҳи маъмул “облава” нигаронӣ мекунанд. Имсол низ дар бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  ду мавриди “облава” расонаӣ шуд, ки яке аз онро Вазорати корҳои дохилӣ рад намуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...