Оғози корҳои бунёди НБО-и навбатӣ дар дарёи Вахш

Дар Тоҷикистон корҳои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодӣ (ТЭО)-и сохтмони неругоҳи навбатии барқӣ дар дарёи Вахш – Неругоҳи барқи обии Шуробод оғоз гардид, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, ҳамзамон корҳо оид ба ҷалби маблағҳо барои бунёди иншооти мазкур ҷараён доранд. Тибқи маълумоти пешакӣ, барои сохтмони НБО Шӯроб ҳудуди 1 млрд доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон корҳои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодӣ (ТЭО)-и сохтмони неругоҳи навбатии барқӣ дар дарёи Вахш – Неругоҳи барқи обии Шуробод оғоз гардид, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳамзамон корҳо оид ба ҷалби маблағҳо барои бунёди иншооти мазкур ҷараён доранд. Тибқи маълумоти пешакӣ, барои сохтмони НБО Шӯроб ҳудуди 1 млрд доллар маблағ лозим аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки ба таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии НБО Шӯроб бо иқтидори пешбинишудаи 862 МВт Ширкати алюминии тоҷик бо ҷалби ширкати машваратӣ машғул мешавад.

Ҳамчунин дар пешбурди ин корҳо Вазорати саноат ва захираҳои об, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.

“Сохтмони НБО Шӯроб барои таъмини ТАЛКО бо неруи барқи худӣ ва интиқоли мунтазами он шароити мусоид фароҳам меорад”, – гуфта мешавад дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти пурсамари истеҳсолии ТАЛКО дар давраи солҳои 2019-2024.

Неругоҳи барқи обии Шӯробод дар 110 километри шарқи Душанбе дар дарёи Вахш, байни неругоҳҳои Роғун ва Норак сохта мешавад.

Ин неругоҳ зинаи 8-уми силсилаи неругоҳҳо дар дарёи Вахш хоҳад шуд, ки аз 9 НБО иборат буда, 7-тоаш пурра амал мекунад (Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ). Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун идома дорад.

Иқтидори лоиҳавии НБО Шӯроб 862,5 – 1 ҳазор МВт, истеҳоли солонаи барқ – зиёда аз 3,2 млрд кВт/соат-ро ташкил хоҳад дод. Баландии сарбанд то 83 метр ва ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ – 77 млн метри мукааб об пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.