Дар парванди раиси пешини Кӯлоб 4 нафари дигар ҳам ҳаст

Бино ба иттилои дарёфтии “Азия-Плюс” дар баробари раиси пешини шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ҳамчунин нисбат ба чаҳор нафари дигар низ парвандаи ҷиноии шарикӣ боз шудааст. Худи Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додроси ин парванда аст, ки 6-уми октябр баррасии парвандаро оғоз кардааст. Парвандаи раиси пешини […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Бино ба иттилои дарёфтии “Азия-Плюс” дар баробари раиси пешини шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ҳамчунин нисбат ба чаҳор нафари дигар низ парвандаи ҷиноии шарикӣ боз шудааст. Худи Иноятзода бо 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Сафар Холмадзода, судяи додгоҳи вилоятии Хатлон додроси ин парванда аст, ки 6-уми октябр баррасии парвандаро оғоз кардааст. Парвандаи раиси пешини Кӯлоб дар додгоҳи минтақавии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад, ки ба гуфтаи Табарзода Изаттуло Сафар, муовини раиси Додгоҳи влояти Хатлон дар ин парванда шоҳидон бештар аз 50 нафаранд, ки эҳтимол парванда зиёдтар аз як моҳ тӯл бикашад.

Гумонбарони дигар дар ин парванда Хурсандалӣ Хурамов  ронандаи Иноятзода бо ду модда: 247 қисми 2, (қаллобӣ), 36 (шарикӣ), 319 қисми 4; Фирӯз Қурбонов, сармутахассиси шуъбаи шаҳрсозии ҳукуматаи шаҳри Кӯлоб бо моддаҳои 36 қисми 2, 319 қисми 4; Ашӯрмадов Хуршед Ҳасанович, мудири қисми хоҷагии ҳукумати ин шаҳр бо моддаҳои 245 қисми 3, банди «а», 245 қисми 3, 323, Муҳаммадӣ Шамсиддинов,масъули ҳамлу нақли сангҳои ороишӣ барои таъмири бинои Ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо моддаи 259 қисми 2 мебошанд.

Худи Иноятзода бо моддаҳои 314 қисми 2, (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 319 қисми 4 (гирифтани пора дар ҳаҷми бузург), 245 қисми 2 (аз они худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда), 247 (қаллобӣ), 338 нишонаи 1, қисми 2 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 262 (қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада) айбдор мешавад.

Мо талош кардем назари вакилони дифои Иноятзодаро вобаста ба ин парванда бигирем, вале талошҳои мо натиҷа надод. Яке аз вакилони дифоъи Иноятзода Басиров ба занги телефонии мо посух дод ва вақте матлаби моро фаҳмид, гуфт баъди як соат назарашро бо мо шарик месозад, вале баъди як соату соатҳои дигар телефони Басиров дастнорас буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.