Конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 85-умин солгарди профессор Камолиддинов

Asia-Plus

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 85-умин солгарди забоншиноси маъруфи тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов конфронси байналмилалиеро бо номи “Забоншиносии расонаӣ ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо”  баргузор мекунад. Ин конфронс фардо, 22-юми октябр дар Шаҳраки донишҷӯён, маҳаллаи Буни Ҳисорак маъруф ба “Ҷазира” баргузор мегардад.

Дар баробари ширкати олимону донишмандони тоҷик, дар назар аст, ки дар ин конфронси байналмилалӣ профессори институти забоншиносии Академияи илмҳои Русия Е. Молчанова дар мавзуъи “"Вожаҳои муосири тоҷикӣ дар бахши иттилооти илмӣ"” ва Доктор PhD-и Донишгоҳи давлатии забонҳои дунёи Ӯзбекистон Берунӣ Олимов бо номи “Мушкилоти имиҷи расонаӣ дар Узбекистон” низ ба таври онлайн суханронӣ кунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи тадорукоти ин конфронс, аз факултаи рӯзноманигории ДМТ ҳамчунин дар бахши ифтитоҳии конфронс ширкат ва суханронии ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, декани факултаи рӯзноманигорӣ Саъдӣ Исматов ва дигар донишмандони риштаи забоншиносии тоҷик дар назар аст.

Баъди ҷаласаси ифтитоҳӣ дар назар аст, ки конфронс дар се бахш: “Забоншиносии расонаӣ”, “Масъалаҳои услубшиносӣ”, “Рӯзноманигорӣ ва филологияи умумӣ” идома кунад, ки дар ҳамаи ин бахшҳо 56 гузоришгари илмӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Баҳриддин Камолиддинов аз шумори донишмандони варзидаи риштаи забоншиносии тоҷик буд, ки 13-уми майи имсол бар асари беморӣ дар синни 85-солагӣ даргузаштанд.

Профессор Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омада буд.

Фаъолияти омӯзгории ӯ баъд аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом (1953) ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз ёфта, соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардаааст. Баъди хатм дар ин даргоҳи илму таълим ба кору таҳқиқ пардохта соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1991 унвони профессориро дарёфт мекунанд.

Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори Донишгоҳи миллӣ дар умури таълим ва то соли 2011 мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ин донишгоҳ буданд.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов то рӯзҳои охирини умур аз илму таълим дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ канор нарафта, асарҳои бунёлдии илимву таҳқиқотӣ навиштаанд.

Марҳум Камолиддинов муаллифи асарҳои “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003) ва китобҳои дарсиву дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, ба забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ мебошанд.

Профессор Камолиддинов барои таҳқиқоти арзишманд дар риштаи забоншиносӣ унвонҳои “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон” соҳиб шуда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...