Кишварҳои ОМ ва ИА масоили пешгирии паёмадҳои манфии пандемияро баррасӣ карданд

Ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 20 октябр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид иштирок намуданд. Гуфта […]

Ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 20 октябр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳамагирии COVID-19, бартараф намудани паёмадҳои он, мубориза бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва таъмини талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рафъи паёмадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, таъмини амният ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи обзикр намуд.

“Тоҷикистон ҳамчун раиси муштараки “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ҷиҳати афзудани самараи амалии ин абзор талош хоҳад кард”, – таъкид кард ӯ.

Дар навбати худ Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо нақши ин ниҳодро ҷиҳати пешгирӣ аз паёмадҳои манфии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳим хонд.

Зикр мегардад, ки дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.