Тоҷикистон ҳатто аз Камбоҷа $380 ҳазор кумаки башардӯстона гирифт

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 38,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 17 ҳазор тонна аз 58 кишвари ҷаҳон расидааст. Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (42,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (10,8%), Туркия […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 38,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 17 ҳазор тонна аз 58 кишвари ҷаҳон расидааст.

Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин (42,2% аз ҳаҷми умумӣ), Ӯзбекистон (10,8%), Туркия (10,3%), Ҳиндустон (8,2%), Русия (6,1%), Қазоқистон (4,9%), Дания (2,1%), Нидерланд (1,7%),  Финландия (1,3%), ИМА, Белгия ва Олмон (1,1%-ӣ), Лаҳистон (Полша) ва Камбоҷа (1%-ӣ) ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз оғози сол аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ кумакҳои молиявии бебозгашт дастрас намуд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ин гуна кумакро ҷумҳурӣ аз Бонки ҷаҳонӣ (11,3 млн доллар), Бонки осиёгии рушд (ҳудуди 2 млн доллар), Бонки исломии рушд (350 ҳазор доллар) низ гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.