Чӣ тавр ба кӯдакон чӣ будани “фейк” – ро фаҳмонем?

Волидайн кӯшиш мекунанд бо маҳдуд намудани дастрасии кӯдакон ба телефону компютер, онҳоро аз таъсири манфии иттилоот дар интернет муҳофизат намоянд. Аммо бояд донист, ки ин роҳи ҳал нест чун фарзандони Шумо бо роҳҳои дигар ба иттилоот дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Роҳи беҳтарини муҳофизати фарзандон аз иттилои нодуруст, ин ба онҳо фаҳмондани чӣ будани иттилооти бардурӯғ […]

"Се нуқта"

Волидайн кӯшиш мекунанд бо маҳдуд намудани дастрасии кӯдакон ба телефону компютер, онҳоро аз таъсири манфии иттилоот дар интернет муҳофизат намоянд. Аммо бояд донист, ки ин роҳи ҳал нест чун фарзандони Шумо бо роҳҳои дигар ба иттилоот дастрасӣ пайдо карда метавонанд.

Роҳи беҳтарини муҳофизати фарзандон аз иттилои нодуруст, ин ба онҳо фаҳмондани чӣ будани иттилооти бардурӯғ ё “фейкӣ” ва фарқ намудани чунин маълумот дар уқёнуси маълумот аст.

 Фарқ байни далел ва фикр (ақида) дар чист?

Далелҳо маълумоти дақиқе мебошанд, ки воқеан рух додаанд ё аз ҷиҳати илмӣ исбот шудаанд. Фикр ин шарҳи вазъият аз нуқтаи назар ва фаҳмиши шахси дигар мебошад. Фикр метавонад на ҳамеша дуруст бошад. Шахсе, ки ақидаашро мегӯяд, метавонад вазъро нодуруст фаҳмад ё дидаву дониста онро хато шарҳ диҳад.

 Хабари “фейкӣ” чист ва чаро одамон онро эҷод мекунанд?

Хабарҳои бардурӯғ ё “фейкӣ” – иттилои дурӯғи қасдан сохташуда аст. Қаллобон бо мақсади ба даст овардани пул бо роҳи фиреб, маҷбуркунӣ барои харидани ягон маҳсулот ва овоз додан ба ягон сиёсатмадор, хабарҳои бардурӯғро эҷод мекунанд. Баъзе нафарон барои масхара кардани дӯстонашон хабарҳои қалбакӣ месозанд. Аз ин рӯ, ҳамеша муҳим аст, ки иттилоотро аз сарчашмаҳои гуногун тафтиш намоед.

Хабарҳои “фейкӣ” – ро чӣ тавр метавон муайян кард?

Ҳангоми гирифтани ҳар маълумот аз худ пурсед: муаллиф чӣ мегӯяд? Расонаҳои дигар дар ин бора чӣ менависанд? Оё онҳо низ ин воқеаро шарҳ медиҳанд, оё хабар ё маълумот аз ҳам фарқ доранд?

Эҳсосот. Хабари хондаатон дар Шумо чӣ эҳсосотро ба вуҷуд овард?

Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт ба эҳсосот тавре таъсир мерасонанд, ки шумо мехоҳед онҳоро хонед ва ба дигарон тақсим намоед. Вақте хабар шуморо ба эҳсосот меорад, эҳтиёткор бошед ва фонро тақсим накунед. Сархати болоиро бори дигар мутолиа намоед.

Тасвирҳо

Бисёр вақт эҷодкорони хабарҳои “фейкӣ” бо истифода аз тасвирҳо бо эҳсосоти Шумо бозӣ мекунанд. Санҷед, ки оё тасвир бо матн мувофиқат мекунад? Тавассути Google Images аксро санҷед, ки оё он аз худи муаллиф аст ё аз хабару ҳодисаи дигар гирифта шудааст.

Манбаи иттилоот

Муаллифи мавод кист? Оё муаллиф номи коршиносеро, ки аз ӯ иқтибос меорад навиштааст ё не? Тафтиш кунед, ки оё дар ҳақиқат ин гуна коршиноси соҳа вуҷуд дорад ё не.

Сарчашмаи эътимодбахш?

Ҳатто агар дӯстон ё шахсиятҳои маъруф хабарро дар саҳфаи худ нашр карда бошанд ҳам, ҳатман онро дубора санҷед. Шояд онҳое надониста хабари “фейкӣ” – ро паҳн карда бошанд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.