Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги суръати интернет беҳтар кард, лекин корбарон пай набурданд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар раддабандии интернети мобилӣ Тоҷикистон мавқеашро беҳтар карда, аз оғози сол 6 зина боло рафт.

Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index оид ба суръати интернет ба ҳолати то моҳи сентябри соли 2020  байни 138 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 13.08 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.80 Мб/с зинаи 127-умро ишғол мекунад. Зинаи охири рейтингро Афғонистон касб кардааст, ки суръати боргирӣ 7.26 Мб/с ва боргузорӣ 3.77 Мб/с-ро ташкил медиҳад..

Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ байни 175 кишвар Тоҷикистон бо суръати боргирии 34.68 Мб/с ва боргузории 33.31 Мб/с дар мақоми 90-ум (моҳи январ – зинаи 109-ум) қарор дорад. Суръати интернети ноқилии пасттарин дар рейтинг ба Туркманистон (3.40 Мб/с – суръати боргирӣ ва 4.84 Мб/с – боргузорӣ) мансуб дониста шудааст.

Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон дар зинаи 101, Русия – 88, Қирғизистон – 103 ва Ӯзбекистон дар мақоми 125-ум ҷойгиранд. Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ Қазоқистон дар мақоми 67, Русия – 46, Қирғизситон – 74 ва Ӯзбекистон зинаи 96-умро ишғол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи рейтинги Worldwide mobile data pricing оид ба арзиши интернет, дар моҳи феврал байни 228 давлат Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар зинаи 154-ум қарор дошт. Моҳи ноябри соли 2018 байни 230 кишвар Тоҷикистон зинаи 103-юмро касб карда буд.

Сарфи назар аз беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги мазкур, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон мудом аз алоқаи начандон хуб ва суръати пасти интернет шикоят мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...