Олтой: ҳукми 12 соли зиндон ба тоҷикистонӣ барои ҳамдастӣ бо террористон

Date:

Суди ҳарбии ҳавзаи шарқии Хабаровск шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари Олтой боздошт шуда буд, дар ҳамдастӣ бо террористон гунаҳкор эътироф кард, хабар додаанд ба “Интерфакс” аз маркази матбуоти Раёсати минтақавии Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия рӯзи панҷшанбе.

“Ба Илҳомхӯҷа Иброҳимҷонов бо назардошти маҷмӯи ҷиноятҳои содиркарда ҷазои 12 соли зиндон таъин шуд, ки 3 соли аввалро дар маҳбас ва муҳлати боқимондаро дар зиндони низомаш сахт адо мекунад”, – гуфтаанд дар хадамот.

Корҳои тафтишоти парванда нисбат ба Иброҳимҷонов дар кишвари Олтой моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки ӯ дар Барнаул бо патент кору зиндагӣ карда, бо аъзои созмони фаъолияташ манъшудаи “Давлати исломӣ” робита доштааст: розигӣ додааст, ки ба сафҳои ин созмон пайваста, ба минтақаи низоъ равад. Бо гирифтани мукофотпулӣ ӯ вазифаҳои ҷамъоварии маълумот дар бораи макони ҷамъшавии зиёди мардум (издиҳоми одамон) ва биноҳоро бо ҷузъиёти мавзеи ҷойгиршавиашон ҷамъоврӣ мекардааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи ин амалҳоро ӯ бо ёрии шабакаи махсуси алоқаи дар Интернет таъсисдода барои ҳалли масоили марбут ба фаъолияти террористӣ анҷом медодааст.

“Ӯ дар фурудгоҳи Барнаул ҳангоми парвоз ба Маскав ва минбаъд сафар ба Ховари Миёна барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳи созмони фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” дастгир шуд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...