Ҳукумат барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” дар соли оянда пул меҷӯяд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти Тоҷикистон ба гурӯҳи кории дахлдор супориш додааст, ки дар мавриди ҷустуҷӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” дар соли 2021 тадбирҳои мушаххас андешад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳ нимаи моҳи октябри соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол ба ин корҳо 25 млрд 340 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст.

“Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат равона гардидани қариб 3 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст”, – гуфт президент.

Қаблан зикр гардида буд, ки соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз буҷет ҷудо гардидани 2,1 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти неругоҳ дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ сурат гирифтааст.

Ба ҷуз лоиҳаи неругоҳи “Роғун”, айни замон дар бахши энергетикаи ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 13,3 млрд сомонӣ боз 12 лоиҳаи дигари давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Айни замон ба сохтмони иншооти неругоҳи “Роғун” шабонарӯзӣ дар ду баст бо истифода аз 3824 мошину техника ва механизмҳо беш аз 12,7 ҳазор нафар ба кор машғуланд.

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм – моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Аз оғози истифода то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ин агрегатҳо зиёда аз 1,7 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуд.

Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ иқтидори он 3 ҳазору 600 МВт-ро ташкил хоҳад дод, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Миёна аст. Анҷоми пурраи сохтмони неругоҳ соли 2033 дар назар аст.

Сарбанди 335-метрии гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...