Нигаронӣ: мурғи тазарв дар Суғд ба нестӣ расидааст

Ҳалим Ҷӯраев,Ю Asia-Plus

Масъулони ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз он нигаронанд, ки шумори мурғи тазарви сирдарёӣ, ки қаблан дар ҷазираҳои дарёи Сир сершумор буд, ҳоло ба нестӣ рафтааст. Ин дар ҳолест, ки чанд даҳсола пеш чунин намуди мурғ дар ин ҷазираҳо сершумор буд ва лонаву тухм мегузошт.

Хуршед Саидов, масъули Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз он таассуф хӯрд, ки солҳои ахир ҷазираҳои соҳили дарёи Сир серодам шуд ва ин боис ба ҷойивазкуниву нобуд гардидани тазарви Сирдарёӣ гардид. Омили дигари нобудшавии чунин мурғ шикори ғайриқонунӣ дониста мешавад.

Мурғи тазарв ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудааст ва ҳамакнун тӯли ду соли ахир Раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд талош дорад теъдоди ин мурғро зиёд кунад.

Мақомот соле қабл бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ дар масоҳати 5 гектар замин дар мавзеи Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии ҷазираи “Темурмалик”-ро ба истифода дод. Ҷазира барои ҳифзу зиёд намудани мурғи тазарв пешбинӣ шудааст ва дар оғоз 130 навъи тазарви зарафшониро барои парвариш ба ин ҷой оварда буданд, ки дамоми як сол то ба 300 сар зиёд шудааст.

Бино ба гуфти Хуршед Саидов чанд рӯз пештар Раёсати ҳифзи муҳити зист боз 65 тазарви зоти сирдарёиро харидориву барои парвариш ба ин ҷой овард.  “Мо талош карда истодам, ки дар ҷазираи Темурмалик шумори навъҳои тазарвро зиёд кунем то ба табиати вилоят мутобиқ гарданд. Ҳоло таваҷҷӯҳи бештар ба зиёд намудани мурғи тазарви сирдарёӣ аст, ки дар баробари тазарви зарафшонӣ мехоҳем ин зотро низ аз нестшавӣ эмин дорем”.  

Ҷазираи Темурмалик ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти Суғд марбут аст, ки ба ҷузъ чанд навъи мурғи тазарв дигар парандаву ҳайвонот дар ин ҷой парвариш намеёбад. Аммо масъулин мегӯяд, ин ҷазира ҳамчун макони сайёҳиву истироҳатӣ пешбинӣ шудааст ва аз ин рӯ тасмим гирифтаанд барои ҷалби бештари дӯстдорон навъҳои дигари ҳайвоноту парандаҳоро зиёд намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...