БМТ: Қурби асъори миллии бисёре аз кишварҳо нисбат ба сомонӣ бештар поин рафт

Бар асари пандемияи коронавируси нав қурби асъори миллии бисёре аз кишварҳо нисбат ба доллар ба таври назаррас поин рафт, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ). Гуфта мешавад, то нимаи моҳи октябр қурби лираи Туркия нисбат ба доллар ба андозаи 33,5%, рубли Русия – 25,9%, рубли Беларус – 22,5%, гривнаи Украина – 19,6%, тангаи Қазоқистон – […]

Бар асари пандемияи коронавируси нав қурби асъори миллии бисёре аз кишварҳо нисбат ба доллар ба таври назаррас поин рафт, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Гуфта мешавад, то нимаи моҳи октябр қурби лираи Туркия нисбат ба доллар ба андозаи 33,5%, рубли Русия – 25,9%, рубли Беларус – 22,5%, гривнаи Украина – 19,6%, тангаи Қазоқистон – 15,9%, ларии Гурҷистон – 12,3% ва сӯми Ӯзбекистон – 9% поин рафтааст.

Зикр мегардад, ки тамоили беқурбшавии асъорҳои миллии ин кишварҳо бахусус дар давраи семоҳаи дуюми ҳамин сол дар натиҷаи хуруҷи мавҷи дуюми пандемияи коронавирус ба мушоҳида расид.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, аз оғози сол қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 6,7% поин рафт.

Қобили зикр аст, ки аз замони ба муомилот баровардани пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ имрӯз расо 20 сол пур мешавад.

Сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба муомилот бароварда шуд. Ин воҳиди пулӣ рубли тоҷикии қаблан мавриди истифода қарордоштаро иваз намуд.

Айни замон дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ (500, 200, 100, 50, 20, 10, 5, 3 ва 1 сомонӣ) ва тангаҳои фулузии (50, 20, 10, 5, 2 ва 1 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ) дар муомилот қарор доранд.

Дар муддати 20 сол сомонӣ нисбат ба доллар қариб 4,7 баробар беқурб шуд: аз 2,200 сомонӣ барои 1 доллар санаи 1 январи соли 2001 то ба 10,3398 сомонӣ дар ҳамин рӯз, 30 октябри соли 2020.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.