Боздошти як тоҷик дар Сочи бо 9,5 кило героин

Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон Лутфиддин Рӯзиматов, дар доираҳои муайян маъруф бо лақаби “Лёня Таджик” ба нияти фурӯши маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои манбаи портали "Волга Ньюс", зимни боздошти Рӯзиматови 57-сола дар хонааш воқеъ дар ноҳияи Хостин 7 баста ва 5 контейнер бо зиёда аз 9,5 кило героин, инчунин ҳудуди 1,5 кило маводи растанӣ ва синтетикӣ дарёфт ва ба ташхис фиристода шудааст.

Ҳамчунин ҳангоми кофтуков таҷҳизоту мавод барои ҷобаҷо ва ба фурӯш тайёр кардани маводи нашъаовар ва пул дарёфт шудааст.

Маълумоти манбаъро иттилои ВКД Русия тасдиқ карда, маълумот дар бораи боздоштшуда ифшо намешавад, лекин ҳолатҳои ҳодиса ба ҳам мувофиқ аст.

Қаблан Рӯзиматов соли 2018 дар парванда нисбат ба собиқ подполковники Хадамоти федералии амният (ХФА, ФСБ)-и Русия Александр Молчанов ба сифати шоҳид ҳузур дошт. Ӯро дар ду ҳолати қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндон маҳкум карданд.

Муайян карда шуд, ки Молчанов бо гирифтани мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6 млн рубл ба Рӯзиматов ваъда додааст, ки ба ҳалли масъалааш бо пулис (он замон ӯ дар Самара тиҷорат дошт) кумак мекунад.

Рӯзиматов гӯё ба интиқоли автомобилҳо байни Русия ва Тоҷикистон машғул будааст. Вақте ки мавриди таваҷҷуҳи пулис қарор мегирад, аз кумаки Молчанов истифода бурда, ба ӯ саховатмандона мукофотпулӣ додааст.

Робита ба Рӯзиматов яке аз тобеъони Молчанов – собиқ майор Роман Самохинро паси панҷара бурда, барои қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд ба 2,5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Тибқи фарзияи тафтишот ва суд, Самохин 1 млн рубл – нисфи мукофотпулии ғайриқонуниро дуздидааст, ки Рӯзиматов ба Александр Молчанов дода буд.

Александр Молчанов ва Роман Самохин аллакай шартан пеш аз муҳлат аз зиндон озод карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки нашъаҷаллоби эҳтимолӣ пас аз дар Болшая Глушитсаи шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони пулис мусодира шудани миқдори зиёди героин бо вазни қариб аз Рӯзиматов дарёфтгардида боздошт шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...