Вазъи 3 нафар заҳролудшудаҳои Данғара то ҳол вазнин аст

Вазъи саломатии се нафар аъзои ду хонаводае, ки дар ноҳияи Данғара аз бодирингу помидори консервшуда заҳролуд шуда буданд то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад.Онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд, аммо ба ҳуш омадаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ сардори маркази матбуоти КҲФ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ саломатии шаш нафари дигар қаноатбахш арзёбӣ гардида, зери назорати […]

Вазъи саломатии се нафар аъзои ду хонаводае, ки дар ноҳияи Данғара аз бодирингу помидори консервшуда заҳролуд шуда буданд то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад.Онҳо дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд, аммо ба ҳуш омадаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ сардори маркази матбуоти КҲФ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ саломатии шаш нафари дигар қаноатбахш арзёбӣ гардида, зери назорати табибон дар беморхона қарор доранд.

Ба иттилои Юсуфӣ, "памидору бодиринги консервшуда хонагӣ буда, аз мағоза харидорӣ нашудааст. Аъзои ин ду хонавода хешу табор буда, баъди истеъмоли маҳсулот заҳролуд шудаанд", – илова кард Умеда Юсуфӣ.

Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодирингу помидори консервшуда 11 нафар аъзои ду хонавода аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. 

Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Дар ин робита Кумита аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки вақти омода намудани консервҳои сабзавоту мевагӣ талош кунанд, ки кулли қоидаҳои беҳдоштӣ ва бехатариро риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.