Самбокорони тоҷик ба Қаҳрамонии ҷаҳон мераванд, аммо на ҳама

Asia-Plus

Паҳлавонони риштаи самбои Тоҷикистон, ки барои ширкат дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон мушкил дарёфти раводид доштанд, раводидро дарёфт кардаанд. Қарор аст ин паҳлавонон аз тариқи Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белгарди Сербистон парвоз кунанд. Қаҳрамони самбои ҷаҳон имсол аз 5 то 8 ноябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон мегузарад.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки Тоҷикистонро имсол панҷ паҳлавон намояндагӣ мекунад, вале ҳоло танҳо Комроншоҳ Устопириён ва Акмалиддин Каримов озими Тошканд шудаанд. 

Хушқадам Хусравов қаҳрамони самбои ҷаҳон, ки бояд имсол ҳам Тоҷикистонро дар ин сабқат дар вазни 62 кг намояндагӣ мекард, шояд ба далели мушкилоти молиявӣ имсол ширкат накунад. Талошҳои мо барои пайдо кардани Хушқадам Хусравов натиҷа надод, вале яке аз надикони Хушқадам ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ҳоло ин паҳлавон барои рафтан ба Сербистон мушкили молиявӣ дорад".

Аммо Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон мегӯяд, ки барои фиристодани паҳлавонон мушкили молиявӣ вуҷуд надорад. "Ҳар касе муроҷиат кард мо масъалаи молиявияро ҳал кардем, Хушқадам ҳам агар муроҷиат кунад ҳал мекунем. Вале то ҷойе ман медонам мушкили Хушқадам дарёфти иҷоза аз ҷойи кораш аст",-гуфт Носир Бозор.

Чанд рӯз пештар Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири Федератсияи самбои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки ниҳоди онҳо ҳанӯз масъалаи молиро баррасӣ накардаст. “Агар визаро дарёфт кунунд, ин масъаларо бад мебинем. Зеро ин масъаларо Федератсия муштаракан бо Кумитаи ҷавонону варзиш ҳал мекунанд. Ҳоло чизе мушаххас нест”,-гуфта буд дабири федератсия.

Ҳоло тибқи иттилои дарёфтӣ Комроншоҳ Устопириён ва Акмалиддин Каримов дар роҳ ба сӯйи Тошканданд ва қарор аст имшаб ба Истамбул парвоз кунанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Узбекистон дархост карда буд, ки иҷоза бидиҳад самбокорони тоҷик дар ин давраи ҳамагирии коронавирус аз ин кишвар парвоз кунанд. Ӯзбекистон ин иҷозаро ба паҳлавонони тоҷик додааст. 

Дар назар буд имсол аз Тоҷикистон дар сабқати Қаҳрамонии самбои ҷаҳон панҷ паҳлавон: Акмалиддин Каримов вазни -57, Хушқадам Хусравов вазни -62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни -90 миёни бузургсолон ва Шердил Мусоев дар вазни -74-и ҷавонону Самеъҷон Абдушукуров вазни -87-и наврасон ширкат кунанд.

Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар додааст, ки сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус 30 кишвар дар сабқати Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...