Шералӣ Кабир раиси Талко боқӣ мемонад?

Шералӣ Кабир, ки дирӯз дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони вазири саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ шуд, дар мақоми пешини худ – раиси Шӯрои мудирони Ширкати Алюминийи Тоҷик боқӣ мемонад. Дар ин бора яке аз манбаъҳои наздик ба Талко ба “Азия-Плюс” ба шарти набурдани номаш иттилоъ дод. Аммо Игор Сатторов, сухангӯйи ин ширкат ба […]

Asia-Plus

Шералӣ Кабир, ки дирӯз дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони вазири саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ шуд, дар мақоми пешини худ – раиси Шӯрои мудирони Ширкати Алюминийи Тоҷик боқӣ мемонад. Дар ин бора яке аз манбаъҳои наздик ба Талко ба “Азия-Плюс” ба шарти набурдани номаш иттилоъ дод.

Аммо Игор Сатторов, сухангӯйи ин ширкат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо дар бораи ин ҳеч иттилое надоранд. “Таъин шудани раиси Шӯрои мудирони Ширкат ба вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нав барои мо ғайриинтизор буд. Ҳоло мо ҳеч иттилое надорем, ки раиси Шӯронав мешавад ё не”.

Аммо манбаи мо мегӯяд, ки дар сатҳи раҳбарии сиёсӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки Шералӣ Кабир ҳарду мақомро мудирият мекунанд, шояд дар оянда кадом тағйироте шавад, вале ҳоло ҳамин гуна тавофуқ сурат гирифтааст, мегӯяд манбаи мо.

Шералӣ Кабир яке аз чеҳраҳои маъруф дар доираҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон аст, ки бештар ҳамчун нафари наздик ба нухбагони сиёсии радаи аввали Тоҷикистон шинохта мешавад.

Шералӣ Кабир аз соли 2005 дар Ширкати алюминийи Тоҷик дар мансабҳои гуногун ва аз соли 2015 ба ин сӯ раиси Шӯрои мудирони ин ширкат аст.

Ширкати Талко яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсол ва коркади алюминий дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад, ки дар ин авохир низ зерсохторҳои зиёде таъсис кард. Ин ширкат  аз солҳои 2000 ба ин сӯ мавриди баҳсҳои гуногуне дар дохил ва дар хориҷи Тоҷикистон қарор дорад.

Дар пайи баҳсҳои зиёд Тоҷикистон ин ширкатро моликияти истисноии давлат эълон кард, ки фурӯхта намешавад. Вале соли гузашта хабарҳое расонаӣ шуд, ки Чин мехоҳад дар ин ширкат шарик шавад ё онро бихарад. Миёни Ширкати Алюминийи тоҷик ва China Machinery Engineering Corporation як қарордоди 545 миллионӣ баста шуд.

Аммо Ширкати Алюминийи тоҷик дар солҳои ахир истеҳсоли алюминийро ба маротиб кам кард, ки раҳбарии ин ширкат далели онро ба омилҳои гуногуне ҳамеша рабт додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.