Гардишҳои нав дар баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо “Интернеюс”

Мавзуна Абдуллоева, Asia-PIus

Абумалик Қодиров, раҳбари пешини дафтари созмони “Интернюси Тоҷикистон” аз андозаи даъвояш ба маблағи 100 000 доллар ҷуброни зарари маънавие, ки талаб карда буд, кам кард. Вале ӯ аз созмони Интернюс талаб дорад, ки ӯро ба ҷойи кораш барқарор намуда, маоши ӯро аз моҳи апрел то имрӯз ва тамоми хароҷоти додгоҳияшро пардохт намояд. 

Баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо созмони “Интернеюс” имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷараён гирифт.

Тавре Бахтиёр Насруллоев, ҳимоятгари Қодиров ба хабарнигорон гуфт, мо имрӯз дар мурофиа суди арза пешниҳод кардем, ки он 100 000 доллар  ҷуброни зарари маънавие Интернеюс ба Абдумалик бояд барқарор мекард  аз сари маблағҳои дар умум  талабдошта кам  карда шавад.

Вакили дифоъ гуфт онҳо ин иқдомро ба он хотир кардаанд, ки “Абдумалик тулӣ 4 сол  бо ҳамкоронаш дар ин созмон кор кард ва онҳо бо ӯ муносибати хубе доштанд”.

Имрӯз ба сабаби вориди баҳси додгоҳи шудани додситони нав ҷаласаи додгоҳӣ ба ҳафтаи оянда ба таъхир гузошта шуд, -гуфт Бахтиёр Насруллоев.

Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда тарафҳо мавқеи худро дар додгоҳ изҳор мекунанд.  Дар мурофиаи пешина Бахтиёр Насруллоев, ҳимоятгари Қодиров гуфта буд, ки : “То имрӯз миёни мо ва “Интернюс” барои ба созиш омадан гуфтушунид буд. Лоиҳаи созиш омода ва тарафҳо барои имзо кардани он тайёр буданд, лекин тарафи кордеҳ, яъне “Интернюс” имзои ин созишномаро бо ҳар баҳона кашол медод ва ахиран чунин шартҳое гузошт, ки мо маҷбур шудем, аз он даст кашем”.

Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 инҷониб роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.

“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии ВАО равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Баҳси Абдумалик Қодиров бо “Интернюс” бобати барканор шуданаш аз вазифаи роҳбарӣ барои ин ташкилот ҳодисаи бесобиқа нест. “Интернюс” солҳои 2002 – 2003 ҳамчунин як қазия бо сарвари онвақтаи тоҷистонияш Баҳодур Қосимов дошт. Он замон кор то ба додгоҳ нарафта буд ва ҷонибҳо бо ҳам созиш карданд.

Аз соли 2011 то ба “Интернюс” омаданаш ӯ роҳбари Намояндагии созмони байнулмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон буд.

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик Абдумалик Қодировро барандаи ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои саҳмгузорӣ дар бунёди тарҳҳои гуногуни расонаӣ эълон кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...